Баррасии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ветнам
Душанбе, 13.03.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-11-уми марти соли равон вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фао ҳамкориҳои Тоҷикистону Ветнамро дар соҳаи технологияи нав баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои котиботи вазорати мазкур вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фаоро барои ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.
Зимни мулоқот сафири нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҳадафи асосии талошу кўшишҳои минбаъдаашро пеш аз ҳама дар самти таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки тамоми саъю неруи худро дар бахши тақвияти равобити соҳаи саноат ва технологияҳои нав равона хоҳад кард.
Гуфта мешавад, Шавкат Бобозода доир ба соҳаҳои саноат, бахусус соҳаи нассоҷӣ ва дўзандагӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани захираҳои зиёди ашёи хом ибрози назар намуда, ҳамкориҳои судмандро дар самтҳои мазкур мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати тарафҳо хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






