Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СААД
Душанбе, 13.03.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Бордюжа Николай Николаевич мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ба миён омада дар миқёси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷиҳати дарёфт ва ҷалби корхонаҳои муштарак, имконияти ҷойгир кардани фармоишҳо дар ин корхонаҳо, аз нав таҷҳизонидани онҳо бо технологияи муосир ва пурра ба кор даровардани иқтидорҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати мудофиавӣ, таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи ниҳоии пахта мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати амалисозии онҳо ҳамкориҳои судмандро дар самтҳои номбурда мувофиқи мақсад шумориданд.
Бино ба иттилои котиботи вазорати мазкур ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






