Баррасии лоиҳаи НБҲ «Фон-Яғноб» дар ҳузури А. Иброҳим

Март 27, 2015 08:36

Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — 25 марти соли ҷорӣ  дар назди муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ бо  мутахассисони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба барррасии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи ҳароратии «Фон-Яғноб» дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд баргузор гардид.
Зикр шуд, ки корҳои лоиҳакашии сохтмони Стансияи давлатии барқи ноҳиявӣ (СДБН, (ГРЭС)-и «Фон-Яғноб» ҳанўз дар даврони Шуравӣ оғоз гардид.  Бо назардошти дар ояндаи наздик ба истифода додани иқтидорҳои нави саноатӣ дар қаламрави кишвар муҳимияти сохтмони ин иншоот афзун гардида, таъмин намудани талаботи онҳо бо неруи барқ дар тамоми фасли сол аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Иқтидори истеҳсолии ин неругоҳ дар ҳудуди 700-1050 мВт пешбинӣ гардида, таъмини он аз ҳисоби ангишти маҳаллӣ ба наҳша гирифта шудааст. Мутобиқи таҳлилҳои пешакӣ, мавзеи афзалиятноки сохтмонӣ барои ин неругоҳ қитъаи Селхозтехникаи ноҳия мебошад, ки дар масофаи 42 км аз кони «Фон-Яғноб» ҷойгир аст. Бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои ангишти кони «Фон-Яғноб» ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ташкили комплекси шахтавии коркарди ангишт бо ҷудо намудани он ба навъҳо бояд ба роҳ монда шавад, ки ин намуди истихроҷ нисбат ба намуди истихроҷ дар конҳои кушода хароҷоти иловагиро талаб менамояд ва гаронтар мебошад, аммо ин талаботи замон аст. Дар айни замон ҳиссаи истихроҷи ангишти кони «Фон-Яғноб» 54,3 %-и ҳаҷми умумии истеҳсоли ангишти кишварро ташкил медиҳад.
Боиси қаноатмандист, ки таҷрибаи истифодаи ду агрегати аввали МБГ-2 шаҳри Душанбе бо иқтидори истеҳсолии 95-100 мВт шабонарўзӣ нишон дод, ки ин имкониятҳоро метавон барои қисман коҳиш додани вобастагии иқтисоди кишвар аз неруи барқ дар фасли зимистон истифода намуд. Ҳамчунин нишондиҳандаи дигари умедбахши марказ аз он иборат аст, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ намуд, ки бо насб намудани полоишҳои электрикии муосир фоизи истихроҷи газҳои карбонӣ ба атроф ва олудашавии муҳити зист то меъёри зарурӣ поён фароварда шуд.
Бо назардошти ин дастовардҳо ба блоки иқтисодии кишвар супориш дода шуд, ки бо таҳлили асоснок арзиши 1кВт неруи барқро дар НБҲ «Фон-Яғноб», бо назардошти тарзи истеҳсоли шахтавии ангишт муайян намуда, барои тасмимгирии ниҳоӣ хулосаи асоснок омода созанд.
Инчунин ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки масъалаи захира, истихроҷ ва интиқоли ангиштро аз конҳои Киштӯд-Заврон, Шишқат, Моғиён ва Тобасанги шаҳри Панҷакент ба ин неругоҳ мавриди омўзиши амиқ қарор дода, хулосаи асоснок пешниҳод намоянд.
 

Март 27, 2015 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд