Баррасии масъалаҳои муҳоҷират дар ноҳия Варзоб
Душанбе, 31.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Масъалаи теъдоди дақиқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва рафтуомади шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа дар ҷаласаи раиси ноҳияи Варзоб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мувофиқи маълумотҳои расмии раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо дар ноҳияи Варзоб 1209 нафар шаҳрванд аз муҳоҷират баргашт ва аз ин теъдод 1066 нафарашро мард ва 115 нафарашро зан ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки 1586 нафар сокини ноҳия Варзоб дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, аз ин теъдод 1441 нафар мард ва 145 нафар зан мебошад.
Аз ҷумла, 140 нафар шаҳрванд шиносномаи хориҷӣ гирифта, ба 13 нафар ҳуқуқи ба Федератсияи Русия ворид гардидан манъ шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






