Баррасии мушкилоти муҳоҷират бо сокинони Шуғнон

Март 17, 2015 10:55

Душанбе, 17.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Вохўрии  навбатии Гурўҳи корӣ, аз ҷумла  муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирзоев Абдусалом ва муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода бо фаъолон, кормандони корхонаву муассисаҳо ва сокинони ноҳия, ки вуруди онҳо ба каламрави Федератсияи Русия манъ шудааст, 12 март дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон бо иштироки зиёда аз 300 нафар баргузор гардид.
Дар он  ҳамаи паҳлўҳои сиёсати давлат дар самтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бахусус, мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ба аҳли нишаст фаҳмонида шуд. 
Муовини  раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода дар бораи гузаронидани ҷашну маросимҳои каммасраф, тарбияи фарзандон аз тарафи падару модар ва дигар масъалаҳои тарбиявӣ суҳбат намуд.
Ҷамъомадагон бештар бобати манъи вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Федератсияи Русия ва минбаъд бо кор таъмин намудани онҳо суолҳо доданд.
 

Март 17, 2015 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад