Беҳтаргардонии муҳити тиҷорат барои рушди соҳибкории занон
Душанбе, 18.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) «Васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои иқтисодии занони Точикистон (TWEET)» 17 март дар Хуҷанд азназаргузаронии фосилавии ҷараёни татбиқи лоиҳаро дар бинои Бизнес-Инкубатори (БИ) Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) доир намуд. Дастаи лоиҳа фаъолият ва дастовардҳои лоиҳаро дар соли аввали фаъолияти он ҷамъбаст намудаё онро бо намояндагони ИА ва GIZ мавриди муҳокима қарор дод. Лоиҳаи мазкур дар давоми сол бомуваффақият инкишоф ёфт ва дар самти комёб гардидан ба натиҷаҳои ба нақшаи гирифташудаи лоиҳа ҳаракат менамояд.
Дар доираи барномаи баландбардории иқтидори АМЗСТ, чор тренинг барои кормандон оид ба мавзӯъҳои дахлдор гузаронида шуд, ки баъди онҳо АМЗСТ раванди тағйир додани сиёсати узвиятро ташаббус намуда, кори ташкилиро дар самти эдвокасӣ ба роҳ монд. Бо дастгирии мушовирони берунӣ корҳои таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ гузаронида шуданд.
АМЗСТ дар ин давра барномаи амалиётро тартиб дода, шабакаро барои пешниҳоди таклифҳои худ ба муассисаҳои давлатӣ, ҷамъият ва ВАО оид ба беҳтаргардонии бизнес- иқлим барои рушди соҳибкории занон ба роҳ монд.
Ҳодисаҳои асосии лоиҳа дар соли аввал ин татбиқи ташкили Бизнес симпозиуми занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, инчунин баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол. Ҷоизаи «Фараҳ 2014» гардид. Дар чорабиниҳои мазкур Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон иштирок намуд, ки дар навбати худ оид ба малакаи худ бобати рушди соҳибкории занон дар минтақа маълумот доданд.
Лоиҳаи «Васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои иқтисодии занони Точикистон (TWEET)», аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи «Сармояҳо дар Осиёи Марказӣ» маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа ба беҳтаргардонии бизнес — муҳити муассисаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон, ки занон роҳбарӣ менамоянд, нигаронида шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






