Боздошти корманди мақомоти судӣ бо ҷурми порагирӣ
Душанбе, 27. 03. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки сокини 57-солаи шаҳри Душанбе, корманди мақомоти судӣ, барои қонунӣ гардонидани мағозаи шахсии як зани 42-солаи сокини маҳаллӣ маблағи 2500 доллари ИМА-ро ҳамчун пора талаб намудааст.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, гумонбаршуда 2000 доллари амрикоиро гирифта, зимни талаб карда гирифтани боз 500 доллари амрикоӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






