Бозии «Ал — Қодисия» ва «Истиқлол» мусовӣ шуд
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи футболи «Истиқлол» дар марҳалаи сеюми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бозиро бо ҳисоби 2:2 бо дастаи «Ал — Қодисия» мусовӣ кард.
Назар ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол» баъди пирӯзӣ бар дастаи «Аҳал» — и Туркманистон, зимни вохӯрӣ бо дастаи «Ал — Қодисия» як хол ба даст овард. Алҳол дастаи «Ал — Қодисия» бо 7 хол дар сафи пеши ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Қаҳрамони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе бо 4 хол ҷойи дуюмро касб намудааст. Дастаҳои «Аҳал» — и Туркманистон ва «Эрбил» — и Ироқ, ки ҳар кадом 3 холӣ ба даст овардаанд, дар ҷойҳои сеюм ва чорум қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол» дар марҳалаи чоруми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё 15 апрел дар шаҳри Душанбе бо дастаи «Ал — Қодисия» вомехӯрад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






