Бунёди Академияи КДАМ
Душанбе, 13.03.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар санги асоси бинои Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди 5 гектар бунёд мешавад, гузошта шуд.
Дар ин мавзеъ дар баробари бинои маъмурии Академия, ки аз 11 ошёна иборат хоҳад буд, ҳамчунин Маркази фарҳангӣ барои 500 ҷойи нишаст, иборат аз 7 ошёна, Маркази варзишӣ барои 750 ҷойи нишаст бо ҳавзи шиноварӣ, бинои таълимӣ барои 1000 ҷойи нишаст, бинои хобгоҳ иборат аз 7 ошёна ва дигар иншооти маишиву зарурӣ бунёд мегардад.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин доир ба сифати сохтмон ва корҳои иҷрошаванда дастурҳои мушаххас ва ҳидоятҳои муфид дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






