Дар Хоруғ 4 номзад бо ҳам рақобат дорад

Март 1, 2015 11:51

             Душанбе, 01.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-То соати 11:00 45% интихобкунандагон дар Бадахшон дар интихоботи парлумонӣ ширкат варзида,  ба номзади сазовор раъй доданд. 
      Давлатназар Алиназаров -раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Хоруғ № 41 зимни суҳбати телефонӣ  ба хабарнигори АМИТ «Ховар»   гуфт, ки мардуми Бадахшон аз субҳи барвақт бо рӯҳияи баланд ва умед ба фардои дурахшон ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада,  ба номзади арзанда раъй медиҳанд.
    Дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ №41 чор номзад -Акрамшо Фелалиев аз Ҳизби халқии  демократии Тоҷикистон, Раҳмон  Ҷаҳонафрӯз аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Алӣ Шерзамонов аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Абдулҳасан Мирзоҳасанов аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо ҳам рақобат менамоянд.
       Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Хоруғ №41 55 ҳазору 395 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 1500 нафар бори аввал дар интихобот ширкат варзида, раъй медиҳанд.
   Давлатназар Алиназаров афзуд, ки ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар 120 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии якмандатаи Хоруғ №41 210 нозири  миллӣ, инчунин нозирони байналмилалӣ аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мушоҳида доранд. 
 

Март 1, 2015 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст