«Дар партави Паём»-маҷмӯаи нави факултети журналистика
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷмӯи мақолаҳои устодону аспирантон ва донишҷӯёни факултетро таҳти унвони «Дар партави Паём» дар арафаи ҷашни Наврӯз ба табъ расонид. Дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳое фароҳам оварда шудаанд, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) таълиф гардидаанд.
Маҷмӯи мақолаҳои «Дар партави паём» аз 96 саҳифа иборат буда, 22 мақоларо дар бар мегирад. Дар маҷмӯаи мазкур масъалаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гаштаанд. «Масоили ҷаҳони ҳассоси муосир дар Паём» (Ҳайдаров Ф., Қутбиддинов Б.), «Маориф ва тарбия дар партави Паём» (Раҳмонова Ҷ), «Мутолиа-ангезаи фарҳангпазирии ҷавонон» (Муродов М), «Саршори идеяҳои бунёдкорона» (Гулов С), «Раҳнамои имрӯзу фардои ҷомеа» (Мирзоалӣ С), «Дар партави сиёсати созанда» (Усмонова Н), «Муҳимияти арзишҳои ахлоқӣ миллӣ дар шароити пуртазоди замони муосир» (Раҳимҷонов Х), «Нақшроҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2015» (Ризоӣ М) аз ҷумлаи мақолаҳое мебошанд, ки дар маҷмӯаи мақолаҳои «Дар партави Паём» нашр шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






