Дар партави Паёми Президенти мамлакат

Март 19, 2015 11:15

Душанбе, 19.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба мақсади иҷрои баъзе нуқтаҳои Паёми Президенти мамлакат оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар маркази ноҳияи Роштқалъа Бахши Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронид.
Дар ярмарка сардорони идораю муассисаҳо, бахшҳо бо пешниҳоди 32 ҷойи кории холӣ бо маоши аз 400 то 900 сомонӣ иштирок намуданд. Дар  ярмарка ба 10 нафар роҳхат дода шуда, 7 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид, инчунин дар ҳамкорӣ бо филиали маркази таълими калонсолони ноҳия 15 нафар занону духтарони хонанишин ва духтарони аз Федератсияи Русия беруншуда ба омӯзиши касби дӯзандагӣ фаро гирифта шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар  ярмарка бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба  қонунгузории нави Федератсияи Русия ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ» ба роҳ монда шуд.
Баҳри боз ҳам сабук гардонидани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар доранд дар ҳамкори бо ташкилоти ноҳиявии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон курсҳои омўзиши забони русӣ ва қонунгузории Русия гузаронида шуд.
 
 
 

Март 19, 2015 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!