Э. Раҳмон: «80 фоизи кормандони «Амонатбонк» аз ҳисоби занону духтарон ба кор ҷалб шаванд»
Душанбе, 13.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар пойтахти кишвар аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оғоз бахшида шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин бино аз даҳ ошёна иборат буда, дар зарфи се сол бо харҷи беш аз 97 млн. ҳазор сомонӣ бо маблағгузории Бонки давлатии рушди чинӣ ва маблағҳои худии «Амонатбонк» бунёд хоҳад ёфт.
Бинои нав аз 180 утоқи корӣ, 20 утоқи машваратӣ, конференсзал барои 100 нафар, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва тавақкуфгоҳи зеризаминии 2-ошёна иборат хоҳад буд. Дар маҷмӯъ бинои нав барои фаъолияти 750 нафар корманд бо шароити мусоиди корӣ пешбинӣ шудааст. Баландии ошёнаҳо 4,2 м мебошад.
Масоҳати қитъаи замини ҷудошуда 4200.00 метри мураббаъ буда, масоҳати зерсохтмони бино 1978,83 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП» таҳия шуда, пудратчӣ ҶДММ «Роҳат-сохтмон» мебошад.
Дар вақти сохтмон дар ин ҷо зиёда аз 200 нафар бинокори маҳаллӣ бо кор таъмин мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти «Амонатбонк» дастур дод, ки беш аз 80 фоизи кормандон аз ҳисоби занону духтарони соҳибтахассуси соҳа ба кор ҷалб шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






