Эфиопия таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти бунёди НБО-ҳо омӯхтанист
Душанбе, 11.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дирӯз, 10-уми март сафири фавқулода ва мухтори Эфиопия Айалев Гобезие Воркенеҳ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишвари худ ба Президенти Ҷумҳурии Точикистон тақдим намуд. Пас аз супоридани эътимоднома дар ҳузури хабарнигорон андешаҳояшро чунин баён намуд:
«Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия барои таҳким ва густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд мебошад. Алалхусус бо такя ба таҷриба ва узвият дар самт ва соҳаҳои кишоварзӣ ба иқтидори бузурги обии кишвари мо ҳавасманд ва алоқаманд аст, то таҷрибаи бойи ин кишварро дар самти бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои кишоварзӣ ва обӣ мавриди омӯзиш қарор диҳад. Тавре ки медонед, имрӯз иқтисодиёти кишвари мо -Эфиопия рӯ ба рушд ниҳодааст ва пойтахти кишвари мо-шаҳри Аддис-Абеба чун пойтахти сиёсиву дипломатии минтақаи Африқо пазируфта шудааст ва зиёда аз 100 сафоратхонаву намояндагиҳои созмонҳои байналмилаливу ниҳодҳои мухталиф дар пойтахти кишвари мо мустақар гардидаанд.
Бинобар ин як рисолати асосӣ ва калидии ман ҷаҳду талош барои таҳким ва густариши муносибатҳои мо байни кишварҳои минтақаи Африқо ва Чумҳурии Тоҷикистон мебошад».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






