Эълони баргузор шудани интихоботи парлумонӣ

Март 1, 2015 15:04

 
           Душанбе, 1.03.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То соати 15:00 аз шумораи умумии интихобкунандагони дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор дошта, ки беш аз 4 миллиону 318 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд,  ҳудуди 3 миллиону 210 ҳазор нафарашон дар  интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ иштирок намуда, раъйи худро додаанд.
          Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои пешакии бадастомада 74,33 фоизи раъйдиҳандагон дар интихоботи парлумонӣ иштирок намудаанд ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон доир ба интихоботи парлумонӣ, агар беш аз 50 дарсади интихобкунандагон орои худро ба сандуқ рехта бошанд, онгоҳ интихобот баргузоршуда мебошад. 
      Ёдовар мешавем, ки раъйдиҳӣ аз соати 6 субҳ оғоз шуда, то соати 20:00 идома мекунад. Натиҷаҳои пешакии интихобот тахминан соати 10- и 2 март мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ эълон карда мешавад.

Март 1, 2015 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид