Эълони натиҷаи интихоботи аъзои ММ МО

Март 28, 2015 10:16

Душанбе, 28.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2014 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи 27 марти соли 2015 таъйин гардида буд. 
  Рӯзи 8 декабри соли 2014 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ /КМИР/ ҷаласа баргузор намуда,  дар он Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Инчунин,  рӯзи 12 декабри соли 2014 дар ҷаласаи навбатӣ КМИР бо қарори дахлдори худ барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  қаламрави ҷумҳурӣ  5 ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ ташкил намуд, ки ин ҳавзаҳо дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва дар шаҳри Душанбе 2 ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ, аз ҷумла ҳавзаи интихоботиишаҳри Душанбе ва ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгир мебошанд. 
Баъдан рӯзи 26 январи соли 2015 бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  тибқи талаботи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ташкил карда шуданд.
Аз ҷумла, баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони  вилоятҳо ва раиси шаҳри Душанбе, бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи талаботи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҷумҳурӣ 5 комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ташкил карда шуд.
Сипас дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо, ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи талаботи моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11 марти соли 2015 пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оғоз гардида, рӯзи 19 марти соли 2015 ба анҷом расид.
Қобили зикр аст, ки аз ҳар як ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ, аз ҷумла  ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон №1 номзадии 5 нафар, ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 номзадии 5 нафар,  ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 номзадии 5 нафар,  ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 номзадии 5 ва ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 номзадии 5 нафар, дар маҷмуъ номзадии 25 нафар пешбарӣ карда шуд.
Зимнан дар комиссияҳои ҳавзавии интихобот  оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз 13 марти соли 2015 бақайдгирии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оғоз гардида,  рӯзи 22 марти соли 2015 ба анҷом расид. 
Пас аз он Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муҳлати муқарраргардида, яъне на дертар аз 7 рӯз то интихобот, ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бюллетенҳои интихоботиро дастрас намуд.
Санаи 27 марти соли 2015 овоздиҳӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муташаккилона дар тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ  баргузор гардид.
Вакилони интихобкунанда аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаҳои якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба  тарафдории номзадҳои арзандаашон овоз доданд.
Комиссияҳои ҳавзавии интихобот  оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ мутобиқи моддаи 51 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз ба охир расидани овоздиҳӣ натиҷаи пешакии овоздиҳиро ҷамъбаст намуданд.
Натиҷаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълон намуд.
 

Март 28, 2015 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест