Фан Ван Фао: «Ветнам Тоҷикистонро чун дӯсти наздики худ мешиносад»
Душанбе, 11.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти кишвар 10 марти соли чорӣ сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фао дар ҳузури хабарнигорон ҳадафи асосии талошу кӯшишҳои минбаъдаашро пеш аз ҳама боз ҳам таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳо ва муносибатҳои байни ду кишвар- Ветнам ва Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Сафири нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва рушду густариши муносиботи ду кишвари дӯст саҳми намоён гузошта, тамоми саъю неруи худро дар самти тақвияти равобити гуногунсоҳаи ду кишвар равона хоҳад кард.
«Ветнам Тоҷикистонро чун дӯсти наздики худ мешиносад. Албатта, ман аз тарафи худ кӯшиши худро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ба харҷ хоҳам дод ва аз ҷониби Тоҷикистон низ хостам дар амалишавии ин мақсад маро ҷонибдорӣ кунанд. Умедворам, ки ин ҳама нақшаҳои мо зина ба зина амалӣ мешаванд ва сатҳи мубодилаи молу маҳсулот ва савдо байни ду кишвар бо талошҳои дуҷониба боло меравад».
Дипломати ветнамӣ дар ниҳоят мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Иди Наврӯз табрик намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






