Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон»

Март 31, 2015 13:50

Душанбе,31.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон аз шаклҳои муҷтамеи тарғиби адабиёт маҳсуб ёфта, дар солҳои шӯравӣ ба як қолаби муайян даромад. Дар солҳои бистуми асри ХХ бо номҳои «Рӯзҳои китоб», «Ҳафтаи китобҳо», «Музоядаи китобхона» маълум буданд ин анъанаи нек бо ташаббуси шоири маҳбуби кӯдакону наврасон Наримон Бақозода, бо дастгирии молиявии Ассотсиатсияи кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фестивали китоб ва мусиқӣ» эҳё гардида, баъдтар бо ибтикори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар тасдиқ гардидааст. Ҳамасола таҳти унвони Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз 2 то 9 апрел Рӯзҳои байналмилалии китоби кӯдакон дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор мегардад. 
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақсади асосии чорабинии мазкур- ин тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кӯдакону наврасон, ҷалб намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба китобу хониш, ба китобхона ҳамчун маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули одат ва малакаҳои хониш ва дар ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон мебошад. 
Вазифаи фестивал арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебописандӣ, худшиносӣ, ифтихор аз Тоҷикистон, тарбияи ҳисси эҳтиром нисбат ба дастовардҳои замони истиқлол, муқаддасоти миллӣ, омодагӣ ба ҳифзи марзу буми Ватани азиз — Тоҷикистон мебошад.
Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки китобдорони варзида, олимону адибон, намояндагони раёсат, шуъбаҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма кумитаҳои тадорукот ва ситодҳои корӣ созмон дода мешаванд. 
Ҷамъбасти Фестивал 9 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 36 баргузор мегардад.
 

Март 31, 2015 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд