Фирдавс бо «Як бағал ғазал» омад

Март 3, 2015 15:41

Душанбе, 03.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интишороти «Пӯён»-и Теҳрон маҷмӯаи ғазалҳои Фирдавси Аъзам — шоири ҷавони тоҷикро бо теъдоди 1000 нусха ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти сириллику форсӣ мунташир  намуд.
  Китоби мазкур 30 ғазали Фирдавсро дар бар гирифта, бо ороиши нафис ба табъ расидааст. Фирдавси Аъзам қабл аз ин китоби ашъори «Абрҳои обӣ» — ро дар соли 2012 низ бо хатти форсӣ ва кириллии тоҷикӣ ба чоп расонда буд. 
  Устод Маҳдии Баҳманӣ, шоири номдори Эрон ба «Як бағал ғазал» пешгуфтор навишта ва аз зуҳури ин гӯяндаи тозабаён изҳори хушӣ намуда, гуфтааст, ки:  «Ҳазрати эшон бо табъи шикананда ва зудранҷи шоиронаи худ аз сўзу гудози дарунӣ сухан ба миён оварда ва онҳоро ба забони шеър вогўя мекунад».
  Латофат ва ҷаззобияти ашъори «Як бағал ғазал» дар каломи шоири ҷавон ба гунае иншо шуда, ки ба хонандаи жарфандеш асар мекунад ва бар забонаш сорӣ ва ҷорӣ мегардад. 
Интизор меравад, ки китоби мазкур дар доираҳои адабии Эрон рӯнамоӣ ва ба бисёре аз марказҳои фарҳангӣ ба таври ройгон арза шавад. Бояд тазаккур дод, ки Фирдавси Аъзам  дар хонаводаи Аъзами Хуҷаста — аз шоирони хушбаёни тоҷик дар соли 1984 ба дунё омадааст. Мавсуф хатмкардаи Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Хуҷанд бо ихтисоси забони англисист.
 
 
 
 
 

Март 3, 2015 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид