Гуфтугӯи директори АНМН бо миссияи арзёбикунандаи INL
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 30 март директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ЧТ Рустам Назарзода дар шаҳри Душанбе бо миссияи арзёбикунандаи Дафтари назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқи Департаменти давлатии ИМА бо роҳбарии Чарлз Ҷакоз, ки барои арзёбии мустақили лоиҳаҳо ба ҷумҳурӣ омадааст, мулоқот намуд.
Назар ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масоили самарабахшии ҳамкории сохторҳои зидди маводи мухаддири Тоҷикистон бо намояндагони ИМА мариди муҳокима қарор гирифт.
Рустам Назарзода меҳмононро бо ибтикороти Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир шинос карда, зикр намуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҳукумати ИМА 17 созишномаи байниҳукуматиро имзо намуда, «Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» дар амал татбиқ карда мешавад.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои хамкории дуҷонибаи Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муҳокима шуданд.
Роҳбари Агентӣ зикр намуд, ки бо хадамоти зидди маводи мухаддири Русия, Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ аз қабили Раёсати оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, САҲА дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкории судманд роҳандозӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






