Густариши ҳамкориҳои иқтисодии БОР бо Тоҷикистон
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Си Си Ю дирӯз дар пойтахти кишвар доир гардид.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар мулоқот атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар интиҳо ҷонибҳо доир ба «Стратегияи шарикии Бонки Осиёии Рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» , ки дар ҳоли таҳия қарор дорад, табодули афкор намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






