Гузоштани хишти аввали хобгоҳи ДМТ

Март 6, 2015 16:05

 Душанбе, 6.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар  шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои хобгоҳи нӯҳошёна санги асос гузошта шуд.
Хобгоҳи мазкур дар шафати хобгоҳи рақами 6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо се блок қомат афрохта, барои 427 донишҷӯи ин даргоҳи маърифат    пешбинӣ шудааст.
Тавре зикр гардид, ин хобгоҳ  соли оянда бо харҷи 51 миллион сомонӣ аз  ҳисоби буҷети давлат сохта, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Масоҳати умумии хобгоҳ 6 ҳазору 886 метри мураббаъро ташкил дода, аз  44 утоқи ду нафара ва 113 утоқи сенафара иборат хоҳад буд. 
Дар асоси лоиҳа хобгоҳи нав аз утоқҳои таълимӣ, толори маҷлисгоҳ, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, ошхона, утоқи табибон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат хоҳад шуд.
Дар қабатҳои дуюм ва панҷуми бино толори дарстайёркунӣ барои 40-50 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Пудратчии сохтмони бино ҶДММ «Маналит 2011» маҳсуб ёфта, барои дар муҳлати муайян мавриди истифода қарор гирифтани ин бино 12 техника ва 120 сохтмончӣ  сафарбар карда мешавад.
 
 
 
 
 

Март 6, 2015 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст