Хуҷанд: Наврӯз аз омаданаш мужда дод
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзӣ бо шаҳомати хоссаи баҳорона оғоз гардиданд. Нахустин шуда омади Наврӯзро сокинони маҳаллаи 1 май таҷлил намуданд.
Чорабинӣ дар чойхонаи «Сирдарё», ки дар ҳудуди маҳаллаи номбурда ҷойгир аст, бо маҳорати хоссаи баҳорию наврӯзӣ доир шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадори сохтори қудратӣ, генерал-майор Аъзам Қосимов ва сардори комиссариати ҳарбии вилояти Суғд Назар Бадалов иштирок намуда, кулли сокинону ҳозиринро бо омади Наврӯзи Аҷам табрик кард. Аз ҷониби сокинони маҳалла ва омӯзгорону муҳассилини мактаби хусусии ба номи Ю. Рустамов чорабинии адабӣ-фарҳангӣ пешкаш шуд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






