Хуҷанд: Наврӯз аз омаданаш мужда дод

Март 16, 2015 08:54

Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзӣ бо шаҳомати хоссаи баҳорона оғоз гардиданд. Нахустин шуда омади Наврӯзро сокинони маҳаллаи 1 май таҷлил намуданд.
Чорабинӣ дар чойхонаи «Сирдарё», ки дар ҳудуди маҳаллаи номбурда ҷойгир аст, бо маҳорати  хоссаи баҳорию наврӯзӣ доир шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо   собиқадори сохтори қудратӣ, генерал-майор Аъзам Қосимов ва сардори комиссариати ҳарбии вилояти Суғд Назар Бадалов   иштирок намуда, кулли сокинону ҳозиринро   бо омади Наврӯзи Аҷам табрик кард.   Аз ҷониби сокинони маҳалла ва омӯзгорону муҳассилини мактаби хусусии ба номи Ю. Рустамов чорабинии адабӣ-фарҳангӣ пешкаш   шуд.
 
 

Март 16, 2015 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд