Хуҷанд: Омодагиҳо ба Наврӯзи ҷумҳурӣ дар сатҳи заруриянд

Март 19, 2015 16:21

        Хуҷанд,19.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ба қабули меҳмонон ва таҷлили ҷашни Наврӯз омодааст. Имрӯзҳо бинову хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр намуди идона доранд.  
       Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” муовини раиси шаҳри Хуҷанд Мирзомуқим Очилзода иттилоъ дод, омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, то имрӯз дар ин самт корҳои муайяне ба анҷом  расонида шудаанд. 
       Аз ҷумла, бо дастгирии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳамдастии ташкилоту идораҳои марбутаи шаҳри Хуҷанд яке аз иншоотҳои ҷашнӣ- Боғи фарҳангиву фароғатӣ (алъон таърихиву фарҳангӣ)-и ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки  21 март бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда, дар он чорабиниҳои аслиии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, пас аз таҷдиду навсозӣ тарҳу намуди навро ба худ касб кардааст.  Инчунин дар раванди навсозии боғи мазкур дар атрофи он 3 ҳазор гули ороиши вва 500 бех дарахти сояафкан шинонида шуда, тамоми симчӯбу чароғакҳои ин мавзеъ бо тарҳу намуди муосир  насб шудаанд.  
        Ба гуфти манбаъ, ҳамзамон бо дастуру супориши раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз даромадгоҳи асосии шаҳр то гардиши бинои таълимии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва қисми хиёбони Айнии соҳили рости шаҳр  чароғонкунии симчӯбҳо ва тарзи гулзоркунии роҳи мазкур бо тарзу усули нав ба роҳ монда шуда, дар ин самт сутунпояҳои зебо ва фурӯзонакҳои «светодиодӣ» насб шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 100 нишастгоҳи муосир, 100 дона гулмонаки замонавии гуногунсохт бо тубакҳои гулҳои лола ва ороишӣ насб шудааст. 
Ғайр аз ин, ду шафати роҳи кӯпруки асосии  хиёбони Исмоили Сомонӣ низ навсозӣ гардида,  дар ин мавзеъ наздик ба 100 бех ниҳоли “Ардач” шинонида шуда, атрофи он бо панҷараҳои намуди нав печонида шудааст. Дар умум то кунун дар миқёси шаҳр бо иштирок ва кӯмаки тамоми сокинон, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо 1 млн. дона гулҳои лолаву садбаргу ороиши ва зиёда аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва мевадор шинонида шуда, аз ҷумла 3 км роҳҳои шаҳр, чун хиёбони С.Айнӣ ва гузаргоҳи Мавлонбеков мумфарш шуданд. 
Ҳамзамон дар ин замина роҳравҳои  мавзеи «Ситораҳои Хуҷанд», «Лавҳаи фахрӣ», “Қасри ҷавонон” “Чойхонаи навбунёди адибон”,  мағозаи махсуси фурӯши гулу растаниҳои ороишӣ ва гулзоркунии он низ пурра навсозӣ шуда,  роҳравҳо  бо сафолакҳои зебову  хушнамуд пӯшонида шуда, ин мавзеъ имрӯз намуди навро ба худ касб кардааст. Инчунин дар мавзеи “Лавҳаи фахрӣ” як фаввораи замонавӣ сохта шуда, боқимонда 21 фаввораи шаҳр низ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки имрӯзҳо ҳамаи он ба зебогии шаҳр ҳусни тоза зам мекунад.   
Инчунин дар самти қабули меҳмонон низ корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудаанд, — илова намуд манбаъ.  
 
 

Март 19, 2015 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад