Хуҷанд: Озмунҳо ба истиқболи Наврӯзи ҷаҳонӣ
Душанбе,19.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба иди Наврӯз як зумра озмунҳо байни донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм, чорум ва кафедраҳои он бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Озмунҳо аз рӯйи шартҳои “Хушнависи беҳтарин”, “Иншои беҳтарин”, “Газетаи девории беҳтарин, “Синфхонаи беҳтарин” гузаронида шуданд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, қобили зикр аст, ки донишҷӯён дар ороиши синфхонаҳо тамоми маҳорати худро ба харҷ дода, барои фароҳам овардани муҳити наврӯзӣ саъю кӯшиши зиёд намуданд. Чуноне ки ба мушоҳида расид, ҳамаи устодони кафедраҳои факултет барои гузаронидани озмунҳои наврӯзӣ фаъолона иштирок карданд.
Хусусан ҷамъ ва ба маърази тамошо гузоштани маҳсули эҷоди ҳунармандони миллати тоҷик ба ҳамагон писанд омад.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилал се сол инҷониб дар факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ чунин озмунҳо гузаронида мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






