Иқдоми наҷиб
Рашт,13.03.2015. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хотири беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи таълиму тарбия аз ҷумлаи кормандони дастгоҳи раис ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоои ноҳия гурўҳҳои намояндагӣ таъсис ёфта, ба макотибҳои ноҳия фиристода шуданд.
Гурўҳҳои намояндагӣ бо шароити таълиму тарбия шинос шуда, бо волидони хонандагон ва омўзгорони мактаб вохўриҳои судманд гузарониданд.
Дар назар аст, ки оянда чунин вохўриҳо моҳе як маротиба бо иштироки падару модарон ва намояндагии мақомоти иҷроия дар ҳар таълимгоҳ гузаронида шавад. Ин аз як тараф ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мусоидат намояд, аз тарафи дигар алоқаи мустаҳками оила бо мактабро таъмин месозад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






