Иҷозаи вуруди дубора ба 300 нафар
Душанбе, 27.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Зиёда аз 300 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки бо сабабҳои гуногун воридшавиашон ба Федератсияи Русия манъ шуда буд, иҷозаи дубора ворид шудан ба ин кишварро гирифтанд.
Бино ба гуфтаи мудири Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстмурод Умбаров ҳафтаи сипаригашта боз ба 11 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ иҷозаи вуруди дубора ба Русия дода шуд. Ў зикр намуд, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия оид ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи коршиносона таъсис шудааст.
Ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи корӣ- ин гирифтани иҷозаи дубора барои шаҳрвандони кишвар ба Федератсияи Русия мебошад.
Дар айни замон аз ҷониби гурўҳи экспертӣ ба 148 нафар донишҷўи кишварамон, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Русия таҳсил менамуданд ва 157 нафар шаҳрванди дорои якҷояшавии оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона иҷозаи дубора гирифта, аллакай дар минтақаҳои гуногуни Русия фаъолият доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






