И. Гиргуле: «Ҳайати ПА дар конфронси байналмилалӣ иштирок хоҳад кард»
Душанбе, 31.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ивета Гиргуле -раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъйид намудааст, ки дар кори конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ҳайати баландпояи Парлумони Аврупо иштирок хоҳад кард.
Масъалаи мазкур дар Брюсел зимни баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ гардид.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷуҳи вакилон оид ба ҷараёни омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, ки дар нимаи аввали моҳи июни соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, маълумоти муфассал ироа намуд. Зикр шуд, ки дар конфронс намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/,сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаҳои соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи маданӣ, ҳамчунин олимон ва коршиносон иштирок хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






