Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Қайроққум
Душанбе, 25.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори Баҳористон фаъолият мекунад.Чунонки зикр гардид, ин корхона, ки бо харҷи 22 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, иборат аз бинои маъмурият, бинои истеҳсолӣ ва бинои гармидиҳӣ бо анбори ангишт буда, тамоми масолеҳи сохтмонии дар бунёди он истифодашуда моли ватании Тоҷикистон мебошад.Фаъолияти корхона ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва тайёри хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, сабзавоти коркардшуда ва хӯроки гарми якум ва дуюм равона карда шудааст.Ин корхона дар масоҳати умумии 0,55 га бунёд ёфта, аз 3 коргоҳи алоҳида барои коркарди гӯшт, сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ иборат аст. Он имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 4 тонна ашёи хом ва нимтайёрро коркарда намуда, маҳсулоти бозоргири хурокворӣ истехсол кунад.Барои назорати сифати ашё ва ҳолати санитарию эпидемиологии маҳсулот корхона худ озмоишгоҳи муосир дорад.Барои нигаҳдории ашё мувофиқи талаботи стандартҳои нигаҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхона 4 адад анбор барои нигаҳдории то 70 тонна сабзавот, 7 яхдон бо ҳарорати сифр дараҷа барои то 100 метри мураббаъ маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва ғайра мавҷуд аст.Корхона бо технологияи муосир аз кишварҳои Аврупо, Русия ва Чин муҷаҳҳаз карда шудааст.Маҳсулоти корхона, пеш аз ҳама, барои қонеъ гардонидани талаботи осоишгоҳи Баҳористон, маркази солимгардонии кӯдакону наврасони Шоҳин ва ҳамчунин ба бозор пешниҳод карда мешавад.Миқдори кормандон то 30 нафар буда, аз ҳисоби ҳайати кории осоишгоҳи Баҳористон сафарбар карда мешаванд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба сифати маҳсулоти хӯрокӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад ва таъкид дошт, ки озуқавории бесифат ба саломатии инсон таъсири зиёди манфӣ дошта, истеъмоли он ба муддатҳои дароз ҳатто ба генофонди миллат зиён меоварад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






