Ифтитоҳи “Лавҳаи фахрӣ” ва “Чойхонаи адибон ”дар Хуҷанд
Хуҷанд, 28.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази шимоли кишвар- шаҳри Хуҷанд вобаста ба чорабиниҳои наврӯзӣ якчанд иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” муовини раиси шаҳри Хуҷанд Мирзомуқим Очилзода хабар дод, имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар миқёси шаҳр якчанд иншоотҳо расман ифтитоҳ гаштанд.
Аз ҷумла, дар маркази шаҳр, воқеъ дар паҳлӯи ҳайкали Камоли Хуҷандӣ пас аз таъмиру таҷдид мавзеи “Лавҳаи фахрӣ” бо як фаввораи замонавӣ бо лампаҳои светодиодии ранга ҷиҳозонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба гуфти манбаъ, таъмиру навсозии лавҳа ва ободонии атрофи он аз тарафи сохтмончиёни Муассисаи сохтмонии «ПНМК-45»-шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шуда, масоҳати мавзеи мазкур 1000 метри квадратиро дар бар гирифта, пас аз таъмиру азнавсозӣ он намуди наверо ба худ касб кардааст., зеро сутунпояҳои лавҳа бо сангҳои ороишӣ зеб дода шуда, тамоми роҳрави ин мавзеъ бо сафолакҳои махсус насб шудаанд. Инчунин атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ оро дода шуда, дар мавзеи мазкур боз чанд нишастгоҳи нави замонавӣ низ шинонида шудаанд.
Алъон дар “Лавҳаи фахрӣ” чой барои 30 нафар ба ҳисоб гирифта шуда, акси 21 нафар шаҳрвандонӣ фахрии шаҳр гузошта шудааст.
-Ҳамзамон дар ин рӯз бо иштироки шаҳрдори Хуҷанд як чойхонаи адибон, як мағозаи тухмиву гулҳо, як майдончаи варзишии футболи хурд низ ба истифода дода шуд, — илова намуд М.Очилзода.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






