Ифтитоҳи Маркази обтаъминкунӣ дар Кӯлоб

Март 6, 2015 14:12

Кӯлоб, 06.03.2015. ( АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Дар деҳаи Гулободи ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Маркази обтаъминкунӣ  ифтитоҳ шуд. Муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Қурбонов бошандагони се деҳаи ҷамоат- Гулобод, Гулзор ва Анварободро, ки  бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд, муборакбод гуфта, барои саҳмгузорӣ дар анҷоми як лоиҳаи калон, ки дар ҳамоҳангӣ бо ташкилоти ОКСФАМ амалӣ гашт, ба Кумитаи рушди маҳали ҳар се деҳа, ки дар онҳо дар маҷмӯъ бештар аз 3300 нафар зиндагӣ мекунад, изҳори сипос намуд. Роҳбари ташкилоти байналмилалаии ОКСФАМ дар Тоҷикистон аз ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҷамоати Даҳана изҳори қаноатмандӣ намуд. Гуфта мешавад, дар пиёда намудани ин лоиҳа се деҳаи ҷамоат 2813 сомонӣ саҳм гузоштанд. Ин ҳанӯз охири кор нест, дар марҳилаи навбатӣ бунёди 14 дарвозаи хурди обтақсимкунӣ ба маблағи 68 ҳазору 690 сомонӣ  дар назар дошта шудааст. Бояд гуфт, ки чанде пеш миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Барномаи Рушди СММ дар Кӯлоб  тафоҳумнома ба имзо расид, ки тибқи он як лоиҳаи бузурги обтаъминкунии ҷамоатҳои деҳот амалӣ хоҳад шуд ва маблағи он бештар аз дувуним миллион сомониро дар бар мегирад.
 

Март 6, 2015 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст