Интихобот дар Екатеринбург шаффоф буд

Март 3, 2015 15:14

Душанбе,03.03.2015. (АМИТ “Ховар”).-1 марти соли 2015 дар таърихи навини Тоҷикистон ва ҳаёти сиёсии он саҳифаи наве паси сар шуд. Дар ин рўз шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботи кишвар барои ояндаи дурахшон ва гузоштани саҳми худ дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок дошта, ба ҷонибдории номзади арзандаи худ дар Парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ раъй доданд. 
Яке аз нишонаҳои давлати демократӣ- ин баргузории интихоботи шаффоф бо риояи тамоми талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ҶТ интихобот дар фазои сулҳу субот ва оромӣ баргузор шуда, интихобкунандагон озодона дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, озод ва умумӣ раъйи худро доданд. 
Мусаллам аст, ки бо назардошти мушкилоти ҷаҳонӣ будани муҳоҷират қисме аз шаҳрвандони мамлакатамон берун аз кишвар кору зиндагӣ карда, дар рўзи баргузории интихобот дар ҳудуди кишварҳои дигар қарор доштанд. Тибқи стандартҳои қабулшуда барои шаҳрвандони берун аз кишвар қарордошта дар шаҳрҳо ва марказҳои аҳолинишини маҳалли сукунати муваққатии онҳо участкаҳои интихоботӣ ташкил шуданд, ки шаҳрвандони он минтақаҳо барои тарафдории номзади арзанда овози худро доданд. 
Дар ин замина ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Нижневартовски ФР худро ҷузъи ҷомеаи Тоҷикистон шуморида, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ саҳми худро гузошт. Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии  шаҳрии Маркази фарҳангии миллии тоҷикон «Суғдиён» дар миёни намояндагони тоҷикони муқими шаҳри Нижневартовск корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, ҳалкунанда ва таъсиргузор будани раъйи онҳо баҳри ободӣ, гулгулшукуфӣ ва рушди босуботи Ватани ягонаамон — Тоҷикистон таъкид шуд. Шахсан ман ва дигар масъулини ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Свердлови Федератсияи Русия барои гузоштани саҳми худ дар рушди босуботи кишвари азизамон субҳи 1 март ба участкаи интихоботӣ, воқеъ дар бинои Консулгарии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург рафта, овози худро ба ҷонибдории номзади арзанда додем. Интихоботи парлумонии соли 2015 аз бисёр ҷиҳат аз интихоботи қаблии соли 2010 фарқият дошт. Аввал ин ки дар ин давра барои мардуми ҶТ ва тамоми тоҷикон аён аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон сулҳи комил пойдор аст ва рўз то рўз барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар наздик шуда истодаем. Дар ин давра Тоҷикистон тавонист дар фасли зимистон худро аз неруи барқ таъмин карда, зина ба зина аз реҷаи лимити қувваи барқ то фаро расидани фасли гармо барояд. Ин, бешубҳа, нишонаи нек аст. Дигар ин, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии Савдо гашт, ин омили муҳимест барои рушди босуботи иқтисодии мамлакат ва таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як фард. 
Имрўз берун аз кишвар дар ҳавзаи федеролии Сибири ФР интихоботи парлумонӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва демократӣ баргузор гардид. Дар интихобот намояндагони тамоми ҳизбҳои сиёсӣ имконият, имтиёз ва ҳуқуқҳои баробар дошта, дар як муҳити солим ва созанда рақобати сиёсии худро ба роҳ монданд. Ин имкон дод, ки интихобкунанда озодона ва ихтиёрона дар интихобот ширкат намуда, раъйи худро ба ҷонибдорӣ ва ё муқобили ин ё он ҳизб ва ё номзад муайян созад. 
Бешубҳа ҳамаи ин музаффариятҳо дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Зерпояи ҳамаи ин муваффақиятҳо сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи бевоситаи оммаи халқи Тоҷикистон мебошад, ки Тоҷикистонро ба сўи ояндаи нек роҳнамоӣ менамояд. 
 
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии 
шаҳрии Маркази фарҳангии 
миллии тоҷикон «Суғдиён» 
Ориф Бобоев 

Март 3, 2015 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад