Интихобот дар “кишвари офтобхез”

Март 1, 2015 10:19

 
Душнабе, 01.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 1 марти соли 2015 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар “кишвари офтобхез” иқомат ва таҳсил мекунанд, аввалин шуда дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, иродаи худро баён намуданд. 
Тавре саҳифаи фейсбуки ВКХ хабар медиҳад, дар Япония шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аксаран донишҷӯён ва оилаҳои онҳо мебошанд, ки дар шаҳрҳои гуногуни Япония таҳсил мекунанд.
Участкаи интихоботии 79/27 — аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (марказаш дар ш. Токио Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония) аз соати 6.00 бо вақти маҳаллӣ кушода шудааст. 
Иштироки шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ идома дорад.
 

Март 1, 2015 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст