Интихоботи ММ МО ҶТ шурӯъ шуд

Март 27, 2015 09:10

 
 
  Душанбе, 27.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор мегардад.
   Дар иртибот ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар кишвар панҷ ҳавзаи интихоботӣ ҷиҳати интихоби аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат таъсис дода шудааст. Ҳавзаҳои интихоботӣ асосан дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе таъсис шудаанд. 
     Тибқи иттилои  Комиссияи марказии  интихобот ва раъйпурсии кишвар 25 номзад ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ гардидааст.
     Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси миллӣ -палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон 33 аъзо дошта, 25 нафараш тавассути интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ ва интихоб гардида, 8 нафар бо Фармони Президенти кишвар таъйин мешавад. Инчунин Президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии ин палата мебошад. 
   Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сол муқаддам — соли 2000 таъсис дода шуда, дар ин муддат раисии  палатаи болоии Парлумони мамлакатро Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ҳамзамон раиси шаҳри Душанбест,  ба уҳда дошт.
 
 
 
 
 
 

Март 27, 2015 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!