Иштироки тими мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо дар Анталия

Март 6, 2015 12:48

Душанбе, 6.03.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби наврасони 16-17 солаи  Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 9-ум ва 11-уми марти соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мегардад, иштирок мекунанд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо барои гӯштингирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ дар мавсими имсола мебошад. 
Гуфта мешавад, ки ба ҳайати тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон 10 варзишгар шомил аст, ки дар байни онҳо як духтар мебошад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков (55 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (60 кг), Нуроншо Бодамаев (66 кг), Салмон Раҳмихудоев (66 кг), Эраҷ Абдуллоев (66 кг), Ёқубҷон Назиров (73 кг), Алиакбар Қаландаров (81 кг), Хуршед Маҷидов (+90 кг) ва Шоҳида Қаландарова (67 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Туркия таҳти роҳбарии мураббиён Маъдӣ Маҳмадбеков, Рисқиддин Раҷабов ва Абдураҳим Қарахонов ширкат меварзанд.
 
 

Март 6, 2015 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!