Иштироки тими мунтахаби Тоҷикистон дар чемпионати Осиё
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби ҷавонони 23- солаи Тоҷикистон омодагиро барои иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё, ки аз 27-ум то 31-уми марти соли равон дар Фуҷайри Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, оғоз намуд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, даста зери роҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Анталияи Туркия мегузаронад.
Гуфта мешавад, ки сармураббии даста Алишер Тухтаев барои ширкат дар ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ 21 нафар футболбозро даъват намудааст, ки аз он 3 нафараш дарвозабон, 6 нафар муҳофизатгар, 7 нафар ниммуҳофизатгар ва 5 нафар ҳамлагар мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






