«Истиқлол» бар «Хайр» пирӯз шуд

Март 16, 2015 09:19

Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дирӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар ба поён расид, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдатро  шикаст дод. 
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, ба ин тартиб «Истиқлол” барои бори дувум паиҳам Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард. Дарвоқеъ, ин дувумин ҷоизаест, ки қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар мавсими имсола соҳиб шудааст. 
Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол” моҳи феврали соли равон дар мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ғолиб шуд. 
Гуфта мешавад, ки маблағи ҷоизаи мусобиқаи имсола 45 ҳазор сомониро ташкил медод. Дастаи ғолиб — «Истиқлол»  —  бо Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Ба дастаи «Хайр”, ки ҷойи дуввумро гирифт, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи ССКА «Помир”, ки ҷойи севумро соҳиб гашт, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Март 16, 2015 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад