Коҳиши сатҳи таваррум дар кишвар

Март 19, 2015 10:06

Душанбе, 19.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазъи мураккаби сиёсӣ дар дунё, ноустувории ҳолати сиёсию иқтисодии кишварҳои шарикони савдо ва номуътадилии нархи маҳсулоти асосии содиротии ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба афзоиши фишорҳои қурбӣ, касри тавозуни савдо ва то андозае ба сустшавии фаъолнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар таъсири худро расонид. 
    Дар натиҷа Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи аввали соли равон ба 4,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,2 фоизро ташкил намуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,9 банди фоизӣ коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ, пеш аз ҳама бо сабаби паст гардидани унсури талабот дар иқтисодиёти ҷаҳон ва ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар ба мушоҳида расида буд, ба миён омад. 
    Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон,сарфи назар аз он дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ раванди рушди истеҳсол ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, маҳсулоти саноатӣ 13,7 фоиз, гардиши савдои чакана 9,8 фоиз, кишоварзӣ 5,9 фоиз ва сохтмон 0,1 фоиз ба қайд гирифта шуд. 
    Дар шароити буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ кам шудани талаботи дохилӣ ва пастравии нархи маҳсулоти воридшаванда ба коҳиш ёфтани сатҳи таваррум дар кишвар замина гузошт. Дар натиҷа сатҳи таваррум дар ин давра 0,7 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ кам мебошад. 
    Ин нишондиҳандаи муҳими макроиқисодӣ асосан аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 1,0 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,9 фоиз ва ғайрихӯрокворӣ 0,3 фоиз ба вуҷуд омад. 
    Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар ин давра бо нишондиҳандаи манфӣ ҷамъбаст гардида, 0,7 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 банди фоизӣ кам мебошад. 
 
 

Март 19, 2015 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад