Конфронси зиддимухаддиротӣ дар Душанбе
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар доираи иҷлосияи 58-уми Кумитаи байналмиллалии назорати маводи нашъовар 13 март дар шаҳри Вена вохӯрии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода бо муовини Котиби генералии СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо ҳолат, тамоюл ва пешгӯии рушди вазъияти вобаста бо маводи нашъаовар дар минтақа, ҷараёни таҳияи лоиҳаҳо ва барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноятро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷаноби Федотов нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи ташкили назорат аз болои муомилоти маводи нашъаовар ва корҳои ба анҷом расонида дар самти мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ ва амнияти минтақавиро баланд арзёбӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ба Ю. Федотов даъватномаи Ҳукумати ҶТ барои иштирок дар конфронс, ки бо ташаббуси Президенти ҶТ баргузор мегардад, супорида шуд.
Конфронси минтақавии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои васеъ намудани ҳамкории зиддимухаддиротӣ 27 май дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






