Коршиноси БҶ: «Ташкили Анҷумани баҳогузорони амволи ғайриманқул муҳим аст»

Март 20, 2015 13:46

    Душанбе, 20.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масъалаи омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул ҳамчун  гарав  дар мавриди  гирифтани қарз дар ҷаласаи омӯзишию машаваратӣ, ки дар  Душанбе бо ҳузури намояндагони васоити ахбори омма доир гардид, матраҳ шуд. Чорабинӣ бо ибтикори Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ созмон дода шуда, он дар доираи татбиқи лоиҳаи «ACAFI» гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардонида мешавад.
            Савсан Қаҳҳорова -ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ин лоиҳа таҳкими инфрасохтори молиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ  ва Озарбойҷон буда, дар доираи он  амалӣ гардонидани барномаи  рушди бахши молиявӣ дар минтақа бо роҳи  фароҳам овардани низоми самараноки табодули иттилоти қарзӣ, ба роҳ мондани омӯзиши касбӣ ва сертификаткунонӣ дар бахши идораи хавф байни кормандони  институтҳои молиявӣ дар назар дошта шудааст.
          Татбиқи лоиҳаи мазкур ба ниҳодҳои молиявӣ имкон медиҳад, ки қарорҳои сарею саривақтии қарзиро қабул намуда, бо ҳамин васила  дастрасии корхонаҳои  хурду миёна ва мизоҷонро ба хизматрасонии молиявӣ баланд бардоранд.
            Дар ҷаласаи омӯзишӣ коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Ҳомид Мамадҷонов доир ба паҳлуҳои гуногуни  омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул ҳамчун  гарав  ҳангоми гирифтани қарз,  тақвияти инфрасохтори молиявӣ, роҳҳои баланд бардоштани  сатҳи дониши кормандони ташкилотҳои молиявӣ, рушди иттилооти   бозори амволи ғайриманқул дар заминаи ташкили маҷаллаю рӯзномаҳо ва  сомонаҳои иттилоотӣ ва дар ин самт омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои пасошӯравӣ, назири Русия ва Қазоқистон табодули назар кард. Коршиноси Бонкӣ ҷаҳонӣ афзуд, ки дар оянда таъсиси Анҷумани баҳогузорони амволи ғайриманқул дар кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мушкилоти марбут ба баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул, ки ҳамчун  гарав ҳангоми гирифтани қарз ҳам барои ташкилотҳои молиявии қарздиҳанда ва қарзгиранда муҳим аст, нақши муассир гузорад.
       Зикр шуд, ки чунин ҷаласаҳои омӯзишӣ инчунин бо кормандони   ниҳодҳои  молиявии кишвар-Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бонкҳо, ташкилотҳои баҳогузорӣ ва ширкатҳои  лизингӣ гузаронида мешаванд.
 

Март 20, 2015 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!