Лоиҳаи Барномаи таълимӣ оид ба омӯзиши усулҳои таҳлилӣ

Март 30, 2015 10:51

Душанбе, 30..03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Маркази байналхалқии таълимӣ ва тадқиқот, ташкилоти ғайридавлатии «ИНТРАК» дар Қирғизистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё-Фарҳанг ва Тараққиёт» дар доираи барномаи таълимӣ оид ба омӯзиши усулҳои таҳлилӣ (БТУТ) татқиқоти минтақавиро дар мавзӯи «Стратегия ва барномаҳо ҷиҳати бо кор таъмин намудани ҷавонон дар соҳаи афзалиятноки давлатӣ ва бахши хусусӣ дар мисоли шаҳри Хуҷанд» аз моҳи май то моҳи октябри соли 2014 гузаронида буд.
Натиҷаи ин лоиҳа конфронси хотимавӣ буд, ки дар шаҳри Ӯши Қирғизистон моҳи феврали соли равон доир гардид. Дар конфронс ҳисоботи хотимавӣ оид ба натиҷаи сесолаи татбиқи лоиҳаи «Барномаи таълимӣ оид ба омӯзиши усулҳои таҳлилӣ» (БТУТ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар  чорабинӣ кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ширкат намуданд. 

Март 30, 2015 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!