М. Ҳарасти: «Фазои интихоботи Тоҷикистон ором буд»

Март 2, 2015 15:46

    Душанбе, 02.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Интихоботи  парлумонӣ дар Тоҷикистон дар фазои орому субот баргузор гардид», гуфт зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе Миклош Ҳарасти, роҳбари ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/.
      Мавсуф дар назди хабарнигорон  доир ба мушоҳидаҳои ҳайати нозирони  дарозмуддати САҲА аз ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон  гузориши нахустини худро ироа сохт. Миклош Ҳарасти гуфт, ки дар зарфи якуним моҳ ҳайати нозирони дарозмуддати  САҲА ба 41 ҳавзаи интихоботии якмандата оид ба баргузории интихоботи парлумонӣ сафар карда, ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро мушоҳида карданд. 
      Роҳбари ҳайати нозирони САҲА зикр кард, ки дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон баъзе норасоиҳо мушоҳида гардиданд, ки онҳоро метавон дар оянда бо роҳи гузаронидани ислоҳот бартараф намуд.
 
 

Март 2, 2015 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!