М.Рустамова ҳайати Бонки умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова ҳайати Бонки умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии мутахассиси калони бахши нақлиёт Мария Клаудия Паучонро ба ҳузур пазируфт.
Назар ба иттилои ПСС ҶТ, ҳайати мазкур эҳтиёҷоти марбут ба монеаҳои меъёрию расмиятии соҳаи савдо ҳангоми интиқоли транзитии амвол дар кишварҳои Осиёи Марказиро арзёбӣ менамояд.
«Нақлиёт ба истилоҳ «рагҳои хунгарди» иқтисодиёти ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Имрӯз масоили савдо ва ҳамгироии Тоҷикистон дар ҳошияи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва фазои Авруосиё дар мадди аввал қарор доранд. Аз давраи пайвастани ҷумҳурӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо муносибатҳои мутақобилан муфиди иқтисодии он бо аъзои созмони мазкур ба дараҷаи баланд рушду густариш ёфтанд», — зикр намуд Манзура Рустамова.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноат иброз дошт, ки ташкилоти мазкур бо созмонҳои минтақавӣ ҳамкории доимӣ дошта, ба масъалаҳои осон гардонидани расмиятҳои гумрукӣ ва тарҳрезии сиёсати мутобиқшуда дар соҳаи савдо ва тааруфаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Ба гуфтаи Манзура Рустамова, масъалаи пурра амалӣ нашудани созишномаю муоҳадаҳои бахши нақлиёт дар чорчӯбаи комиссияҳои байниҳукуматӣ ҳаллу фасл мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






