Марат Орифов: «Кӯр бошу кӯрнамак набош»

Март 5, 2015 15:46

Душанбе, 5.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Марат Орифов, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шинохтатарин чеҳраи синамои тоҷик, ситораи дурахшони саҳнаи қарни гузашта, ки чанде пеш дар филми “Муаллим”-и коргардон Носир Саидов нақши асосиро иҷро кард, айни ҳол дар Душанбе аст. Устод Марат Орифов ҳоло бемор буда, дар яке аз шифохонаҳои пойтахт табобат мегирад. Хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” бо устод суҳбати кӯтоҳ кард. 
Хеле муддат буд, ки мехостам бо ин чеҳраи шинохтаи синамои тоҷик, ситораи саҳнаи нимаи дуюми асри гузашта, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марат Орифов аз наздик суҳбат кунам.  Вале бо ҳар сабабе он ба таъхир меафтод. Ва ниҳоят, дар оғози фасли зебоманзари баҳор муяссар шуд, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шавам. Дар айни замон устод дар шаҳри  Душанбе қарор дошта, андак бемор мебошанд.
— Насли калонсол ба хубӣ ёд дорад, ки Марат Орифов аз шинохтатарин чеҳраҳои синамои тоҷик аст, вале шояд насли ҷавон дар бораи шахсият ва ҳунари волои Шумо маълумоти пурра надошта бошад. Хоҳиш дорам, дар бораи худатон чанд ҳарф бигӯед.
 
-Модарамро шояд шумо медонед, Ҳунарманди халқии собиқ СССР Тӯҳфа Фозилова. Он кас бисёр садои хубу форам доштанд ва аз сарояндагони хеле маъруфи мамалакат ҳисоб мешуданд. Ба гумонам аввалин меҳри санъатро маҳз модарам дар дили ман ҷой кардаанд. Муҳити оилаи мо бисёр як муҳити эҷодии хуб буд. Бисёр ҳунармандон гирд меомаданд, шеърхонию сурудхонӣ мекарданд ва барои ҳамин шояд ман ҳам роҳи санъатро пеш гирифтам. Падарам ҳам марди зиёӣ буд. Он кас омӯзгор буданд. Хулоса, баъди хатми мактаби миёна муддате дар факултаҳои физика ва математика, инчунин филологияи тоҷики Институти педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудам, аммо на то ба охир. Баъд аз  соли 1960 таҳсиламро дар  Институти театрию рассомии  Тошканд ба номи А. Островский давом додам. Инчунин  факултаи режиссёрии филмҳои бадеӣ-мактаби С. А. Герасимовро хатм кардам. 
-Чӣ гуна ба шумо муяссар шуд,ки дар филмҳои ҳунарӣ нақши асосиро офаред? Масалан  аввалин нақши асосии Шумо нақши  Сино дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» буд, ки  соли 1956 рӯи саҳна омад?
 
-Ҳозир акнун душвор аст инро гуфтан. Он солҳо интихоби актёрон барои иҷрои ин ё он нақш беҳад мураккаб буд ва хусусан барои нақши марказӣ ё ки асосӣ, чӣ хеле шумо гуфтед.  Талабот хеле сахт буд. Назорату санҷиш низ хеле сахт буд. Намедонам, шояд истеъдоди модарзодӣ бошад ё ки бахт мегӯянд ё ин ки каме маҳорати ҳунармандии ман будагист, ки аз солҳои чавонӣ сар карда, бисёр нақшҳои асосиро дар филмҳо бозидам. 
-Яке аз филмҳое, ки Шуморо на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он машҳур сохт, ин нақши Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир” буд… 
 
— Ин филм соли 1958 таҳия ва ба навор гирифта шуд. Аз байни номзадҳои зиёд нақши Рӯдакиро ба ман вогузор карданд. Иҷрои ин нақш аз ман маҳорати хеле калонро талаб мекард. Ман бояд нақши Рӯдакиро он чунон нишон медодам, ки тамошобин эҳсос кунад, ки Рӯдакии ҳақиқиро дида истоддаст. Заҳмату бедорхобиҳои зиёд натиҷа дод ва ин филм бисёр машҳур шуд. Умуман, ман дар 25 филм нақш бозидаам. Аз ҷумла  дар филми «Як тиру ду нишон», «Вақти зангирии писар расид», дар филми «Дузди Бағдод», дар филми «Коваи оҳангар».  
— Шумо ба таҳияи филмҳо низ машғул шудаед? 
 
— Ман чун таҳиягар камтар фаъолият кардам, вале як силсила филмҳоро тавонистам таҳия созам. Таҳияи филмҳои  «Нисо», «Муҳосира», «Дили ман дар кӯҳистон», «Асрори қабила» ва  «Бо табассум нигар» ба ман марбут аст.
Ҳаминро бояд зикр кунам, ки ман бо ҳунармандони бисёре ҳамкорию рафтуомад доштам. Хусусан гуфтанам лозим, ки дар пешрафти синамои тоҷик саҳми Борис Кимёгаров хеле калон аст. Маҳз ҳамин шахс буд, ки бисёр кадрҳои боистеъдодро гирди худ ҷамъ оварда, як мактаби бузурги касбии синамои тоҷикро ташкил кард. Боз ҳастанд таҳиягарони шинохта, ба монанди  Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Тоҳир Собиров, Анвар Тӯраев, Марворид Қосимова, Абдусалом Раҳимов, Муқаддас Маҳмудов, Майрам Юсуфова ва чанди дигар, ки рости гап ҳозир наметавонам ҳамаи онҳоро ба хотир биёрам.   Лекин афсӯс мехӯрам, ки баъди солҳои навад синамои тоҷик якбора ба поён рафт. Мактаби касбӣ барҳам хӯрд. Бисёр ҳунармандон ба кишварҳои дигар рафтанд. 
— Сабаби асосии барҳам хӯрдани мактаби касбии синамои тоҷикро дар чӣ мебинед?
 
-Албатта сабаби асосӣ ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ба ин мардум чӣ гап шуд,ки ба гапи душман даромада, як мамлакати ободу зеборо вайрон карданд. Ҳамаи он чизе, ки даҳсолаҳо олимону ҳунармандону зиёиён бо хуни дил ҷамъ оварда буданд, ба як бор ба нестӣ рафт. Барои ман бисёр душвор аст он лаҳзаҳоро ба хотир овардан. Наход одам ҳамин қадар бешууру бераҳм шавад, ки бародару хоҳари худашро ба қатл расонад? Не, ин рафтори одамӣ нест. Ба ман вазнин аст сухан гуфтан дар ин бора….
-Устод, чун аз воқеаҳои солҳои 90 сухан гуфтед, бо иҷозати Шумо мавзӯи суҳбатро каме тағйир медиҳем. Рӯзи якшанбе интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид ва аксарияти мардум раъйи худро ба Ҳизби халқии демократӣ доданд. Сабаби ғалабаи ин ҳизбро чӣ гуна шарҳ медиҳед?  
 
  -Медонед, ман рости гап дар бораи сиёсат гап заданро он қадар нағз намебинам.  Лекин ҳаминро гуфтанам даркор аст, ки ба аксари овозҳои мардум соҳиб шудани Ҳизби халқии демократӣ бесабаб нест. Ман гуфтаниам, ки ин изҳори сипоси мардуми Тоҷикистон ба роҳбари ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон аст. Ман шахсан худам ҳамин Роҳбари давлатамонро фарзандвор дӯст медорам. Барои чӣ мегӯед? Дар мардуми мо як мақол ҳаст: “Кӯр бош мегӯянду кӯрнамак набош”. Охир то ҳозир бӯи хуни солҳои навад аз димоғи мардум нарафтааст. Бинед, чӣ қадар одам нобуд шуд. Чӣ қадар ҷавонҳои нозанин ба зери замин рафтанд. 
Шукр, ки Худо раҳми моро хӯрду Эмомалӣ Раҳмон сардори давлат шуд. Ҳақиқатан марди баору номус будааст. Дар қавлаш истод. Мардумро сарҷамъ кард. Давлатро  обод кард. Ба ятиму гурусна обу нон дод. Мардуми ҳунармандро дастгирӣ кард. Чандин корхона сохт. Як бор худатон фикр кунед, ки Тоҷикистонро дар хориҷа кӣ медонист? Ҳозир куҷое намеравӣ, аз куҷо гӯянд, аз Тоҷикистон гӯӣ, мешиносандат. Фикри ман ҳамин, ки тарафдории мардум аз Ҳизби халқии демократӣ тарафдорию дастгирии Сарвари давлат, сулҳу ваҳдат, ободию озодии Тоҷикистон, некуаҳволии мардуми кишвари мо аст. 
-Вале на ҳама чун Шумо ақида доранд. Баъзе аз гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида мехоҳанд бо баҳонаи интихобот норизоӣ кунанд.
 
-Гап ин хел аст, ки ягон одами солими фикраш тоза дар фикри вайрон кардану ба ҷанг андохтан ва ё ки рехтани хуни бародараш намешавад. Барои одами боақл ҳамин Афғонистон бас аст. Оё чандин солҳо мардуми ҳамин кишвар ягон маротиба бе садои тиру туфанг аз хоб хеста бошад? Ё ки ягон хонавода бошад, ки аз он ҷо як ё чанд кас дар ин ҷангҳо кушта нашуда бошад. Ҳама ба ҳар қисм тақсим, танҳо фикри худам дуруст мегӯяд. Ё масалан Ироқу Сурия ва дигар давлатҳо. Як замон ин кишварҳо аз бойтарин давлатҳо ҳисоб мешуданд. Ину онро баҳона карданду давлатро ба ҷанг кашиданд. Кӣ кард? Хоинҳои миллату истилогарони берунӣ. Акнун бинед, дигар дар ин давлатҳо истиқлолият гуфтанӣ гап нест. Ҳар кас ба сари худ подшоҳ. Ҳама хонахароб шуд. Ман чӣ гуфтанӣ? Ҳамаи касоне, ки баҳона мекобанд ё ки мехоҳанд дар Тоҷикистон аз сари нав ягон муноқиша хезонанд, хатои калон мекунанд. Як шоир мегӯяд-ку: Ҳар кӣ ҷанг орад….. Давомаш аз ёдам рафт (механдад).
— Ҳар кӣ ҷанг орад, ба хуни хеш бозӣ мекунад…
 
-Ҳа дуруст. Акнун ман ба онҳое ки пайи иғвою муноқишаро мегиранд, гуфтаниам, ки ба гапи фиребу найранги душман фирефта нашаванд. Барои чор танга пул шуда, зархариди хориҷиҳо нагарданд.  На танҳо ҳаёти худу оилаи худ, ҳаёти дигар мардумро низ ба хатар наандозанд. 
— Чӣ боис шуд, ки пас аз 20 сол аз сари нав ба синамо баргардед? Воқеан, филми “Муаллим”, ки шумо нақши асосиро бозидед, як падидаи нав дар синамои тоҷик буд. 
-Ҳақиқатан, баъди ин қадар солҳо ба синамо баргаштан кори хеле мураккаб аст. Аз ҷониби дигар синну сол. Ман аввал намехостам, ки ин вазифаи пурмасъулиятро ба уҳда гирам. Вале маро охир розӣ карданд, ки ба ғайри Шумо каси дигар ин нақшро самимию моҳирона бозӣ карда наметавонад. Хайр насиб, ба фикрам филми бад нашуд. Аз чеҳраи тамошобинон маълум, ки хуб пазируфтанд. 
 
-Устод, барои ҷавонони имрӯза чӣ гуфтаниҳо доред?
-Пеш аз ҳама гуфтаниам, ки қадри ин обу хоки Ватанро нигоҳ доранд. Аз гумроҳӣ худро эҳтиёт кунанд. Зиёд дар фикри молу чиз нашуда, барои илм омӯхтан, ҳунар ёд гирифтан ҳаракат кунанд. Барои ба мақсад расидан бештар заҳмат кашанд. Бо танбалию коргурезӣ кас ба ягон ҷой намерасад. Одами бедонишу бефарҳанг ҳам дар ҷамъият ягон қадру эътибор надорад. Ҳама баробар, муттаҳид шуда, якдилона барои миллат хизмат кунанд. Миллат ҳамон вақт пеш меравад, ки фарзандонаш дар фикри ободию пешравии он бошанд. Давлат ҳамон вақт тараққӣ мекунад, ки тинҷию амонӣ бошад, сулҳу оромӣ бошад.
 
Мусоҳиб
Садбарг Суярова
 
 Бознашр аз рӯзномаи «Фараж»

Март 5, 2015 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад