Марги 150 нафар дар «Аэробус А-320»
Душанбе,27.03.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Тибқи иттилои сомонаи байналмилалии «Флайт радар»-и Олмон ки фаъолияти фурудгоҳу ҳавопаймоҳоро пайгирӣ менамояд, як ҳавопаймои Аэробус «А-320» чанд лаҳза қабл аз суқуташ аз баландии 13 ҳазор метр поён фаромада, дар натиҷа ҳавопаймо ба кӯҳ бархӯрда боиси марги беш аз 150 нафар гардидааст. Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур рӯзи душанбеи ҳафтаи равон дар кӯҳҳои Алп ба амал омадааст. Корҳои кофтукобӣ дар ин самт идома доранд.
Душанбе,27.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки шабакаи интернетии Би-Би-Си хабар медиҳад, дирӯз силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Боко-Ҳарам» аз шаҳри Дамасаки қисми шимолии Нигерия наздики 500 нафар наврасону ҷавононро рабуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки чанд ҳафта боз дар ин ҷо муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҳоли авҷанд. Вобаста ба даргириҳои ҳафтаҳои охир ҳазорҳо нафар бошандагони минтақаи мазкур тарки манзил гуфтаанд. Неруҳои ҳарбии Нигерия ва Чад ба сокинони минтақаи Дамасак, ки бар асари бархӯрдҳо тарки манзил кардаанд, кумак расониданд.
Душанбе,27.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Боришоти пай дар пайи борон, ки чанд рӯзи ахир дар Чили идома дошт, ба баланд шудани сатҳи оби рӯду наҳрҳо боис шуда, обхезии шадид дар қисми шимолии Чили ба минтақаҳои Антафагаста, Атакама ва Какимбо зарари ҷиддӣ расондааст. Ва бар асари ин офати табиӣ 7 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 20 каси дигар бедарак гардид. Тибқи иттилои сарчашма аз ин офати табиӣ аллакай даҳҳо манзили зист қисман ё пурра вайрону валангор шудааст. Вобаста ба обхезии шадид ҳукуматдорон сокинони минтақаҳои наздисоҳилиро фавран ба ҷойҳои нисбатан амн кӯчонданд.
Душанбе,27.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар қисми марказии Таиланд ду қатора ба садама дучор омада, бар асари тасодуф 40 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона гардид. Кормандони соҳаи тибб вазъияти сиҳатии 4 тан аз маҷрӯҳонро вазнин арзёбӣ намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳангоми ҳаракат як қатора ба дигаре бархӯрда, ҳодиса ба амал омадааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






