Маркази ҳавосанҷии ҶТ: Баҳор ба мақоми худ расид
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 16 март, ҳаво дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон камабр шуда, ҳарорати он рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм мешавад.
Шабонарӯзи 17 март борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, ҳаво шабона 6 — 8 дараҷа ва рӯзона 13 — 15 дараҷа гарм мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисони Маркази ҳавосанҷӣ, баҳор ба мавқеи худ расида, сарфи назар аз боришоти кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, ҳавои кишвар гарм мешавад.
17 март ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 13 -15 дараҷа, вилояти Суғд 11 — 13 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 — 16 дараҷа гарм, дар ғарби ВМКБ 5 — 7 дараҷа гарм, дар шарқи ВМКБ 3 — 5 дараҷа сард ва дар шаҳри Душанбе 13 — 15 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора аз Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






