Модар- меҳвари меҳру муҳаббат
Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар бо ширкати кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №65 ва 15-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Модар- меҳвари меҳру муҳаббат» мизи мудаввар доир гардид.
Дар ҷамъомад президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобиев, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Шарифмуроди Исрофилниё ва муовини директори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Абдулло Орипов зикр намуданд, ки таҷлил аз Рӯзи Модар бо шарофати файзу баракати Истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад ва мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони занону духтарони фаъол аз ҷумлаи чунин иқдомот маҳсуб ёфта, парастиш ва гиромӣ доштани модарону хоҳарон аз ҷумлаи анъанаҳои қадимаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик мебошад.
Дар ҷамъомад дар мавзӯи «Агар зан намебуд, олам намебуд», «Зан – модар- чароғи хонадон» «Симои зан – модар дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» маърӯзаҳо шунида шуданд. Инчунин аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 65 ва 15-и шаҳри Душанбе барномаи адабӣ пешкаши иштирокдорон гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






