Муқовимат ба интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар вохӯрии кории роҳбарони кумитаҳо дар чорчӯбаи лоиҳаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ХАСК/22 Муқовимат ба интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон аз тариқи хатсайри шимолӣ бо роҳи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани идораҳои ҳамкории сарҳадӣ дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок варзиданд.
Вохӯрӣ бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Сафорати Япония дар Тоҷикистон, Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) гузаронида шуда, дар он директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода, Ашита Миттал — намояндаи минтақавии Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, Йошиширо Хорие — котиби дуюми Сафорати Япония дар Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Масъалаҳои чорабиниҳои лоиҳавӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо идораи ҳамкории сарҳадӣ дар Афғонистон, ташаббусҳои лоиҳа ҷиҳати банақшагирии чорабиниҳои муштарак, ҳамкории сарҳадӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, нақши идораҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ дар ҳамкории байниидоравии байнисарҳадӣ муҳокима шуданд.
Дар вохӯрӣ нақша оид ба мониторинг ва арзёбии фаъолияти лоиҳаи ХАСК/22 тасдиқ гардид.
Мутобиқи барнома иштирокчиён имрӯз, 17 март дар маросими кушодашавии идораи ҳамкории сарҳадии Панҷи поён иштирок хоҳанд кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






