Муҳокимаи хатарҳои муосир дар Суғд
Душанбе, 16. 03. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд конфронси ҷумҳуриявии «Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот» ба кори худ ифтитоҳ бахшид.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ конфронси мазкурро бо мақсади зери назорати доимӣ қарор додани вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва таҳлилу омӯзиши сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда доир мекунад.
Дар кори он намондагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Академияи илмҳои кишвар, Шӯрои уламо, намояндагони ташкилоти ҷамъиятиву байналмилалӣ, профессорону омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат, намояндагони мақомоти марбутаи ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе, аз ҷумла: муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доранд. Конфронсро ҳамчунин зиёда аз 35 нафар намояндагони ВАО инъикос намуда истодаанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






